На авватин, на охирин, ёд аз мани ошиқ кунед.

Рӯдборонем гар чун мавҷ пайвастем мо,
Ҳушёронем гар дар базми дил мастем мо.
Пеш аз мо будаанду баъди мо бошанд низ,
Лек ҳоло соҳиби кавну макон қастем мо.
То фалак озод дар ишқу умеду орзу,
Дар замин чун кӯҳҳои пир побастем мо.
Гар баландем, осмон ҳам мешавад бо мо баланд,
Паст бинмояд замин, ҳар ҷо агар пастем мо.
Фарқ нагзорем агар мобайни ҳам бар ину он,
Дар амал чун панҷ ангуштони як дастем мо.
1978
♦ ♦ ♦
Гар оташам, гар оташин, ёд аз мани ошиқ кунед,
Гар шодмонам, гар ғамин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ дар заминам осмон, дар осмонам гаҳ замин.
Буду набуди ман ҳамин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Ман ҳам баҳорам. ҳам хазон, ман ҳам «уборам, ҳам нишон,
Ҳам бартар аз чархи барин, ёд аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ пири барҷомондаам, гаҳ кӯдаки нохондаам,
Гоҳе чунонам, гаҳ чунин, ёд-аз мани ошиқ кунед.
Гаҳ масти аз худ рафтаам, гаҳ қиссаи ногуфтаам
Гаҳ бо шумоям ҳампишин. ёд аз мани ошиқ кунед.
Кайҳонн боло дигару кайҳони дилҳо дигар аст.
Кайҳоннавардам дар замин. ёд аз мани ошиқ кунед.
Аммо дар ин рӯи замин будам чу ҳар мирандае
На авватин, на охирин, ёд аз мани ошиқ кунед 1978

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед