На бедарду на бепарвостам ман
Зи ҳар як кӯҳ кони зар наёбӣ,
Зи ҳар баҳри дамон гавҳар наёбӣ.
Чу аз ёри нават гардӣ пушаймон,
Ту ёри куҳнаро дигар наёбӣ.
Ду чашмат чашмаи барқу шарар буд,
Назаргоҳи ҳама аҳли назар буд.
Ҷавон будӣ, вале фасли ҷавонӣ
Ба мисли ошиқонат раҳгузар буд.
Умедат дар дилам қасри тило кард,
Ғамат бо шодиям маҳшар бапо кард.
Агар кори хато бошад муҳаббат,
На ҳар оқил тавонад ин хато кард!
Сари кӯҳи баланд истода бошӣ,
Ба ёри қадрасе дилдода бошӣ,
Шавӣ ҳамдостони обшорон,
Чу домони саҳар озода бошӣ.
Раҳи умрам раҳи кӯи ту бошад,
Ду чашми чори ман сӯи ту бошад.
Манам марди мусофир, тӯшаи раҳ
Ҳамон ду кулчаи рӯи ту бошад.
Фидои ҳалқаи чашмони мастат,
Адои ҷилваҳои қадду бастат.
Ба дарёи дили ман шаст андоз,
Ки моҳии тило афтад ба шастат.
Дилам аз ишқи ту ранҷур гашта,
Сарам савдоии машҳур гашта.
Ҳар он рӯзе, ки чашматро набинам,
Бидон, ки чашми рӯзам кӯр гашта.
Маро гум кардию дигар наёбӣ,
Хатамро дар ягон дафтар наёбӣ.
Биҷӯӣ сарҳисоби зиндагонӣ,
Валекин зиндагӣ аз сар наёбӣ.
Замоне дар дилам ишқу ҳавас буд,
Ситора аз бароям дастрас буд.
Агар ман рӯи дунёро надидам,
Насиби дидани рӯи ту бас буд.
Ало, эй нозанини моҳпайкар,
Лаби дарё биёӣ кӯза бар сар.
Лаби дарё биёӣ, об агар нест,
Зи дарёи дили ман ёд овар.
Хаёли васли ту мисли сароб аст,
Парии бахти ман зери ниқоб аст.
Чу нанвиштӣ ҷавоби номаҳоям,
Тамоми рӯзгорам беҷавоб аст.
Чароғи мурдаро аз нав фурӯзанд,
Либоси куҳнаро дарбеҳ бидӯзанд.
Тамоми умр сӯзад одамизод,
Дубораш баъди мурдан ҳам бисӯзанд.
Ду-се рӯзе дар ин дунёстам ман,
На бедарду на бепарвостам ман.
Бишуд ҳар сол соле умрам афзун
Надонистам, ки худро костам ман.
Замину осмон дур аст, эй гул,
Чу чашми бахти мо кӯр аст, эй гул.
Агар бо ҳам наояд қисмати мо,
Ҳама ойюқ маъзур аст, эй гул.