НА ИН ЛУТФЕ БУВАД МОРО
Дарида синаи моро, ки масти ёр меоям,
Куҷо бода, куҷо мастӣ, чу он дилдор меоям.
Сафедию сиёҳиро агар аз чашми мо бурдӣ,
Бигў, зиндиқаму габрам, ки аз зинҳор меоям.
Матои мо харидоре намеёбад дар ин бозор,
Магў ман бар тамошои чунин бозор меоям.
Ѓарибам, бекасам, афтодаам дар мулки андеша,
Сало дардењ, ки аз он олами пиндор меоям.
Вафо бўи муњаббатро чаро беќадр бинмудааст?
Ҷафоро гар намесўзї, бигў ҳушёр меоям.
Бизан бар санг он ойинаву аз хеш берун о,
Ки ин кори на ман бошад, чу аз инкор меоям.
Табиби ҳозиќам гўию бас парҳези ҳар дардам,
На ин лутфе бувад моро, на аз њушдор меоям.
Ба афсуни гадоёна бигў як ҳарфи шоҳона,
Ки зориро намешоям, агарчи зор меоям.
Шарҳи худро нависед