Набояд ҳофизи ҳар ину он буд

Сипардӣ ту Хуросони суханро,
Бадахшону Сиистони суханро.
Аё шоир, басо ҷон кандӣ, аммо
Накандӣ риштаи ҷони суханро.
Умеди зиндагӣ уммеди ишқ аст.
Ҷаҳон як нусхаи тақлиди ишқ аст.
Ту хуршеде ки мебинӣ ба гардун,
Фақат як шуълаи хуршеди ишқ аст.
Талошу норизоӣ боз ҳам ҳаст,
Ситезу ҷонфидоӣ боз ҳам ҳаст.
Шаҳонро сарнагун карданд, аммо
Фақириву гадоӣ боз ҳам ҳаст.
Чи дарди бедавое — худситоӣ,
Пашизеро талоши бебаҳоӣ.
Худоро мекунанд инкор, аммо
Басе доранд даъвои худоӣ.
Куҷоӣ, ёри аввал дидаи ман,
Дар охир аз хато ранҷидаи ман.
Ба чашмам мехалад имрӯз чун хор
Ҳама гулҳои бе ту чидаи ман.
Фалак пири балокаш буду бошад,
Замин саҳни кашокаш буду бошад,
Ҷаҳонро кӯри модарзод пиндор,
Ки Инсонаш асокаш буду бошад.
Фалак аз бурдборӣ бекарон аст,
Замин аз хоксорӣ ҷовидон аст.
Мукофоте надорад хоксорӣ,
Намедонам, ки расми чӣ замон аст?
Басо дидам, ки дар доме фитоданд,
Ба ҷурми ком ном аз даст доданд,
Гадое нест дар мулки ман, аммо
Гадотабъу гадочашмон зиёданд.
Ба \ар кас пухта додам, хом бурдам,
Маи нобам бихурду дод дурдам
Зи боғи ин ҷаҳон таклифам ин аст,
Ки беосеб як себе нахурдам.
Ба қасди ман агар дорӣ фақат мушт,
Туро лаънат кунад ҳафтоду як пушт,
Маро ту мекушй бо макру туҳмат,
Валекин рӯҳи ман хоҳад туро кушт.
Ҳар он чй сохтам ман, сӯхтӣ ту.
Ба ҷои моҳ шамъ афрӯхтӣ ту.
Аз он арзонбаҳо мондӣ, чи арзон
Харидорони худ бифрӯхтӣ ту.
Ниҳонамро аён кардӣ, ту кардӣ.
Забонамро забон кардӣ, ту кардӣ.
На танҳо поям, эй модар, ба ишрат,
Ки шеърамро равон карди, ту карди
Яке дидам турову дил гадо шуд,
Дурустиҳои умри ман хато шуд.
Ту яктои ҷаҳон буди, аз он аст,
Ки аз бори ғамат пуштам дуто шуд.
Набояд ҳофизи ҳар ину он буд,
Набояд посбони нокасон буд.
Ба ҷои моли анбору мағоза
Бузургонро бибояд посбон буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед