Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй

Ало. Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳй дошт.
Шумо, шикастабаҳоён, маро чӣ медонед?
Шумо, бузургифурӯшон, маро чй медонед?
Надидаед чу як бор ҷанги рӯёрӯй,
Шумо, гурезаи майдон, маро чӣ медонед?
Ба оби мурда фақат акси хеш мебинед,
Шумо, каноранишинон, маро чӣ медонед?
Агар ба авҷ парам ман. пари шумо шиканад,
Аз ин муомала ҳайрон, маро чӣ медонед?
Зи гулшукуфти баҳоре шумо хазон гардед,
Шумо, хазони парешон, маро чй медонед?
Ба пеши чашми ҳақиқат чу зарра ночизед,
Ба ҷахду кина бузургон, маро чӣ медонед?
1987

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед