НАФРИН

Лаънати халқ бод бар он кас,
Ки зи дунҳиммативу беорӣ
Хурда шири сафеди модарро
Даст ёзад ба ҳар сияҳкорӣ!
Лаънати ду ҷаҳон бар он кас бод,
К-аз паи ганҷу сарвати дунё
Панди модар шунида дар тифлӣ,
Мекунад фанд тифли инсонро!
Осмону тамоми ҷирми фалак
Ба сари он касе фурӯ резад,
Ки битобад зи рӯи модар рӯй,
Оби рӯро чу оби ҷӯ резад!
Нафрати халқи рӯи олам бод
Ба касе, ки фақат зи худ нозад,
Гӯри модар рабуда аз хотир,
Қасрҳои забарҷад афрозад.
Боз нафрин ба одамизоде,
Ки касе номи ӯ намегирад.
Хурда нони ҳалоли давронро,
Як замоне ҳаром мемирад…
18.6.1981

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед