НАФСИ БАД

Зор монад нафси бад, ки мондаам андар балош

, Рузу шаб аз ҳирс гардам ҳар куҷо ман аз қафош.

Душ бе фарёд рафтам тӯи Қосим сартарош.

Ёфтам ,ҳар чи дар он ҷо буд дилро муддао.
Остинро барзада чун рӯзадорон вақти шом
Ҷафс кардам хешро назди палавҷон—шаҳтаом,

Банди хурдаи гашта, лабро во накардам бар калом,

Се табақро дур кардам дар даме маи беибо.
То хӯрам бпсёртар, мондам гарав ҷони азиз,

Пушти ҳам бурдам фурӯ зардолую туту мавиз.
Рӯ нагардондам зи угро, хомшӯрбои лазиз,
Ҳар қадар хӯрдам, нагаштам сер ин нафси бало.
Ишкамам дам кард мисли қурчн қаҳ дарякзамон,

Дар дарунам шуд ҳамоно «ҷангу ҷанҷоли» калон,

Дам ба дам мегашт акнун хӯрдагиҳо заҳри ҷон,

Ман иадоннстам, ки дардамро чӣ мебошад даво.
Гаҳ ба зери дасту поям кӯрпаҳо кардам ғанак,

Тола карда то ба ними шаб задам ман ғалтанак,

Кард аз хона маро охир нашуд, берун занак, Ними шаб бедор кардам духтури дар хобро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед