Нахоҳам ман

Нахоҳам ман на гармову на сармо
Нахоҳам ман на ганҷнву на зарҳо
Ягона хоҳише дорам ҳамин аст:
Бароям дасти модар бошаду бас
Ки гирад модар ин дасту дили ман
Намояд меҳрубонӣ дар ҳақи ман
Бигуяд аллаҳову ман бихобам
Ба домонаш сари худро гузорам
Бигӯям пеши у дарди дили худ
Намоям шикваҳо аз тақдири худ
Бигӯям ман бароят зор гаштам
Ба бӯйи доманат пазмон гаштам
Биёяд наздаму дастам бигирад
Бароям ӯ ҳама хушнудӣ хохад
Аё модар ба кӯят хор гаштам
Ба гапҳоят ғарибу зор гаштам…



Шарҳи худро нависед