Нахохам гуфт пеш аз мурданн дил
Қимоят ку? Шикоят менависй.
Ҳамият ку? Зи майдон мегурезй
Ситезй, тоҷико. бо тоҷики хеш,
Ба рагми душманон кай меситези?
Атар дар рубъи маскун масканат нест,
Бидон, ки низ дар он мадфанат нест.
Дар ин дунё агар чизе набудӣ,
Ба он дунё кирои рафтанаг нест,
Канорат холӣ аз завқи канор аст,
Ҷабинат сард чун санги мазор аст.
Шарар бармеҷақад аз ҳар дили санг,
Дили ту лек санги бешарор аст.
Туро. эй чизнодида чй гӯям?
Туро, эй кинажӯлида, чй гӯям?
Басо рӯдо, ки бо дарё даромехт,
Туро, эй оби гандида, чй гӯям?
Туро кай ёди дарди ину он буд?
Туро кай хамрикобй бо замон буд?
Ҳама бори гарон бар дӯши Айнӣ.
Ба дӯши ту фақаг хоби гарон буд.
Ба хлр ҷо даъвии м><ву манй чист?
Ба чашми зиндатй сангафканй чист?
Ба ҷои рӯшиносй - рӯхарошй.
Ба ҷои мӯшикофй мӯканй чист?
Балокорй, бало мегирад охир,
Хатокорй. хато мсгирад охир.
Ба ботин хар чй лорӣ ё ба зоқир,
Худо дода, худо мегирад охир
Агар аз бенишонихо нишонам,
Ҷахонро баъди худ холй намлнам
Ҷахон нашносадам. боке набошдц.
Агар худро шиносам. сад ҷахонам!
Макомоте ки дар поёну болост.
Хама печитаи ишколи колост
Агар донн. ки қадратро надонанд,
Чу дарёи Арал хушкидан авлост.
Зафар андар хагар дидему рафтем,
Хатар андар зафар дидему рафтем.
Басо зеру забар хондем, аммо
Ҷаҳон зеру забар дидему рафтем.
Ҳама бетоб мемирад. чӣ дунёст?
Ба хабси қоб мемирад, чӣ дунёст?
А^ар моҳй бурун аз об мемурд,
Кунун дар об мемирад. чӣ дунёст?
Хасе бар ҳоли хирманҳо бихандад,
Ба ҳо.ти шери нар хунсо бихандад.
Чӣ дунёе! Надонам. Кӯсаақде
Ба риши мардуми доно бихандад
Агар зӯроваре дунё бигират,
Зи хоки паст то боло бигирад.
Бувад гар хаккн мо аз ҳактаоло,
Кӣ ҳақ дорад, ки ҳаққи мо бигирад?
Дуруд, ЭЙ миллати озурдаи ман,
Зи таъриху зи худ ғзмхур таи ман
Нахохам гуфт пеш аз мурданн дил
Видоъ, эй мшыаги дилму рдаи ман...