Намонад як гул аз боғи баҳорон

Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард,
Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард.
Тароват кӯч бандад аз ҳарими равшани гулшан
Намонад як гул аз боғи баҳорон, ёд хоҳӣ кард.
Чу ҷони ман ба дашту кӯҳсорон сабзаҳо сӯзанд,
Фурӯ монанд аз чаҳ-чаҳ ҳазорон, ёд хоҳӣ кард.
Дарахти хушкро бинӣ сари гӯри фаромӯше,
Маро ҳар шаб ва ё ҳар рӯзи борон ёд хоҳӣ кард.
Канори рӯд биншинӣ, дар обаш акси худ бинӣ,
Маро дар раҳгузори рӯзгорон ёд хоҳӣ кард.
Чи хуш гӯянд, қадри неъмат аз баъди заволи ӯст,
Агар ман ҳам бимирам, пеши ёрон ёд хоҳӣ кард…
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед