Намозу рузаи қазоӣ

Чаҳорсола намози қазоӣ дорам ман,
Чаҳорсола намози қазоӣ дар гардан.
Чаҳорсола намози қазоии худро
Ба рӯи хирмани испеди пахта мехонам,
Ба пахтазори сафеди шукуфта мехонам.
Чаҳорсола намози қазоии худро
Ба ҷонамози ватан мекунам адо фардо.

Чаҳорсола намози қазоиям як сӯй,
Чаҳор соли расо рӯзаро қазо кардам.
Ба рӯзҳои ватан рафта рӯза мегирам,
Ба шомҳои ватан рӯза мекушоям ман.
Шавад ба рӯзи ватан рӯзаи қазоӣ ҳалол,
Ҳалол бод ба шоми ватан маро ифтор.

Зимистони 1997, Ҷаксонвилл

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед