Нашъаи май оқибат девонагӣ ёд оварад,

Аз дили зорам нафас маъюс меояд бурун,
Бӯйи шамъи кушта з-ин фонус меояд бурун.
Дар гулистоне, ки гардад гулруҳи ман ҷилвагар.
Сабзааш ҳамчун пари товус меояд бурун.
З-остини шохи гулҳои чаман вақти хазон
Ҷойи ҳар барге кафи афсӯс меояд бурун.
Нашъаи май оқибат девонагӣ ёд оварад,
Рафта-рафта ошиқ аз номус меояд бурун.
Шамъи рухсори кӣ имшаб хона равшан мекунад?
Мурдаи парвона аз фонус меояд бурун.
Бонги ҳастӣ хушкмағзонро садои реҳлат аст.
Нолаи воҳасрато аз кӯс меояд бурун.
Мунъимони аҳди мо ҳар ҷо, ки манзил мекунанд,
Аз замин Қорун пайи побӯс меояд бурун.
Сайидо, бо ин фиғон гар по гузорам сӯйи дайр,
Пеши по аз нолаам ноқус меояд бурун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед