Насиҳат
Фалақ ба қомати пири хамида мемонад,
Ҷаҳон ба деҳаи тороҷдида мемонад.
Ниҳоли гул ба назар найзаест хунолуд,
Ба боғ сарв ба тири хазина мемонад.
Кадом сайд кушодаст синаро чу ҳадаф,
Ки абрӯяш ба камони кашида мемонад.
Зи ҷӯши лолаву гул боғ шуд чунон гулгун,
Ки барги ток ба дасти бурида мемонад.
Зи баски аҳли ҷаҳон хуни якдигар хӯрданд,
Сари сипеҳр ба нори макида мемонад…
Замона оби тароват зи ҷӯйи гулшан бурд,
Замини боғ ба ҷайби дарида мемонад.
Даруни ҷомаи рангини хеш дунёдор,
Ба кирмҳои бирешимтанида мемонад.
Макун насиҳати дунё ба мардум, эй воиз,
Ки ин сухан ба ҳадиси шунида мемонад.
Дилам зи ёди қафас, Сайидо, малул шавад,
Ба мурғи хонаи сайёддида мемонад.
Шарҳи худро нависед