
Насихат аз бузургон
Ҳама гӯшу дил сӯи дарвеш дор,
Ғами кори ӯ чун ғами хеш дор.
Чу аз хештан номвар дод дод,
Ҷаҳон гашт аз –ӯ шоду ӯ низ шод.
Агар ду бародар ниҳад пушт, пушт,
Тани кӯҳро хок монад ба мӯшт.
Ба манзил расид он кӣ пӯянда буд,
Беҳӣ ёфт он кас, ки ҷӯянда буд.
Ба фардо намон кори имрӯзро,
Бари тахт маншон бадомӯзро.
Бе нуқс касе нест андар ҷаҳон,
Чи дар ошкору чи андар ниҳон.
Чу коҳил бувад марди барно ба кор,
Аз- ӯ сер гардад дили рӯзгор.
Ту чандон ки боши, сухангӯй бош,
Хирадманд бошу ҷаҳонҷӯй бош…
Нигар то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гӯӣ, хамон бишнавӣ.
Дуруштӣ зи кас нашнавад нармгӯй,
Сухан то тавонӣ, ба озарм гӯй.
Хирад пояи ҷовидонӣ бувад,
Хирад пояи зиндагонӣ бувад.
Чу некӣ кунад кас, ту подош кун,
В-агар бад кунад, низ пархош кун.
Мабошед густох бо ин ҷаҳон,
Ки ӯ тирагӣ дорад андар ниҳон.
Чаҳон ёдгор асту мо рафтанӣ,
Ба мардум намонад ба ҷуз мардумӣ.
Дил андар вафои замона мабанд,
Ки яксон нагардад сипеҳри баланд.
Ба неку ба бад харду хурсанд бош.
Ҳамеша чу шохи барӯманд бош.
Ба анбарфурӯшон агар бигзарӣ,
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.
В- агар бигзарӣ сӯи ангиштгар,
Аз-ӯ ҷуз сиёҳи набинӣ асар.
Чунон дон, ки ҳар кас, ки дорад хирад,
Ба дониш равонро ҳаме парварад.
Зи нодон бинолад дили сангу кӯх,
Азеро надорад бари кас шукӯх,
Надонад зи оғоз анҷомро,
На аз нанг донад ҳаме номро.
Яке он ки довар бувад бар дурӯг,
Нагирад барии марди доно фурӯг.
Сипахбад, ки бошад нигаҳбони ганҷ,
Сипохӣ аз-ӯ сар бипечад зи ранҷ.