НАТАРС АЗ РАНҶ

Бале шоир,
Ҳар он чиро ки имрӯз
Куҳан меномиаш,
Дирӯз бар ман
Эй нав хам буд навтар,
Ҳар ҳиҷояш
Бароям буд чун пӯлоди оҳан.
Маро дида, мапиндор ин ки як умр
Хамон тавре ки бинӣ пир будам.
Ҷавон будам ба мислат бо сурудам,
Ба дасти синфи худ шамшер будам.
Барои хизмати халқу диёрам
Равон ҳастам, агарчанде ки пирам,
«Ҳанузам дар камоне метавон ронд»
Ба ҷони хасми худ сӯзанда тирам.
Ту эй навҷӯи нав — бишнав маро хуб,
Ки ман ҳам мисли ту навҷӯй будам.
Аз он пеше, ки ёбам сирри навро
Хатову саҳв ҳам зоҳир намудам.
Яқинам, шуд:
На ҳар «нав» ҷовидон аст,
На ҳар як «кӯҳна» монда аз забон аст.
Нашав овора баҳри ончунон нав,
Ки фардо боиси афсӯс гардад,
Натарс аз ранҷу он навро ба даст ор
Ки фардо навтар аз имрӯз гардад!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед