НАВҲАИ ТАҲМИНА БАР СУҲРОБ
Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду гам ду нимаам.
Дар ҳасрази Суҳроби як
Дурҷи гамон шуд синаам.
Суҳроби ман — меҳроби ман,
Хуршеди ман, маҳтоби ман,
Дар ин чаҳони бекасй
Яктои ман, ноёби ман,
Дар дашти кин саргашта шуд,
Дар хоку хун оғушта шуд,
Аз мехри Рустам зода шуд
В-аз каҳри Рустам кушта шуд.
Афтод аз болои зин
Чун ахтар аз чархи барин,
Шири сафедам аз танаш
ДарСи хун шуд бар замин.
Гуфтам, ки меёбад асар
Аз Рустами олиназар,
Бо он нишоне аз падар
Шуд бенишон аз баҳру бар.
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ,
Аз ҷавшани ҷонам гузашт.
Акнун чй дорад буди ман,
Фардои бемақсуди ман?
Дасти кй гирад рӯзи марг
Аз пояи тобути ман?
Фарёд аз бахти бадо!
Аз Рустамо аз кисмато!
Дунё тиҳй шуд чун дилам,
Вохасрато, вовайлато!
1976