Навбаҳор устоди марҳамбанд.

Осмону чашмҳои осмонӣ медурахшанд,
Обҳову чашмҳои обӣ меҷӯшанд,
Мезананд аз ханда дандонҳо чароғак.
Шишаҳои хонаҳо шуста,
Шишаҳои синаҳо шуста,
Шуста ҳамчун шишаи офоқи боронӣ,
Атласи рангинкамон ёдоваре аз ёри атласпӯш.

Ман ба сӯи акси даврони ҷавониам назар афканда мегӯям,
Акси дерин, дидаат равшан, баҳор омад!
Акси ман аз қиблаи девор механдад,
Акси ман дар чорчӯби худ намеғунчад.

Рост аз рӯи замин сабзида як қомат
Устухонҳои чанорон,
Устухонҳои сафедорон,
Рост аз рӯи замин рӯида гуё як қаду қомат
Устухонҳои азизон,
Устухонҳои шаҳидон.

Устухонҳои ғунча хоғанд дод.
Устухонҳо барг хоҳанд дод.
Устухонҳо панҷа хоҳанд дод.

Навбаҳор устоди марҳамбанд,
Бастааст аз махмалак марҳам
Бар тароши тешаву захми табарҳо,
Пои маҷрӯҳи дарахтонро

Сад қабат печонда бо печак,
Ҳамчу як доругари ҳозик,
Ҳамчу як доругари бобоии тоҷчик.
Ҷонамози сояашро бар замин густурда маҷнунбед,

Дар сучуд истода сархам.
Ин дарахт умре намозашро
Дар ҳамин як ҷонамози сояи худ мегузорад.
Ман ҳам аз авлоди ин бедам,
Сояи касро накардам ҷонамоз умре,
Доиман бар сояи худ саҷда кардам,
Доиман бар сояи худ саҷда хоҳам кард.

Дар миёни сабзаву хори сари девори қишлоқ,
Лола чун тоҷи хурӯсони сари девори қишлоқ,
Гуфтӣ, алъон мезанад пар,
Бол мекубад ҳамин алъон,
Аз сари девор мехонад хурӯси лолаи сурхи кулангӣ,

Пои хобат мешавад бедор,
Хуни хобат мешавад бедор,
Ҳар рагу пайванди хобат мешавад бедор,
Вахта хобат мешавад бедор.

Баҳори 1997, Ҷаксонвилл,

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед