Наврӯзгохи маънави
Халқи мо бо фазлу бо илму адаб Соҳиби афкори ноб аст аз қадим,
Бо наку пайғамбари роҳи ҳақаш Мардуми соҳибкитоб аст аз қадим.
Аввалин пайғамбари соҳибкитоб Покҷону покдил Зардушти мост,
То кунун пиндору кирдори наку Дар раҳи ҳақ пуштбону пушти мост.
Халқи мо дар зулмати асру замон Шамъи илму маърифат афрухта,
Доим аз ганҷинаи умри азиз Ганҷи илму маърифат андухта.
Ҳар ки пайванд аст бо ин марзу бум,
Човидона ҳаст пайванди китоб,
Дар дили ҳар тоҷике барҷо бувад Ҳайкали бе мислу монанди китоб.
Муҳташам бунёди кохе инчунин Бар китоб асли муҳаббат будааст,
Рамзи пайванди китобу халқи мо, Чун давоми Кохи миллат будааст.
Ин бино чун чашми бинои дил аст,
Балки аз хишти муҳаббатҳои мост,
Дурбини асту дурандеши аст,
Пояи арзандаи фардои мост.
Пур бувад ин кох аз неку китоб,
Бояд аз хонанда онро пур кунем,
Чун садаф метобад он пеши назар,
Боядаш пургавҳару пурдур кунем.
Бояд он бошад барои акли мо Ҳамчу як парвозгохи бегазанд,
То ба авҷи донишу номусу нанг Бол бикшоем аз ин кохи баланд!
Навбаҳори бехазон бошад китоб,
Балки ҷовидона Наврузи дил аст,
Ақлу дилро гарму рушан мекунад,
Оташи поки дилафрузи дил аст.
Эй басо дилташнаи дониш кунун Ин маконро пур кунад бо тобу таб,
Боғи мехр аст он,
зи мехри боғбон Бишкуфад эй бас гули илму адаб!
Хуш ба Навруз аст нав-нав армуғон,
Хуш ба Навруз аст, эй ёрон, нави,
Зеби Наврузи ҷаҳонимон бувад Ин наку Наврузгоҳи маънави
Аз фарози кохи бемисли замон
Ин бувад савганд моро дар ҷавоб:
Умри мо пайванд бошад ҷовидон Бо Ватан,
бо аклу дониш, бо китоб!
Офарин илҳомбахшашро зи ҷон,
Бар ҳама бунёдкораш офарин,
Меҳри мо бояд, ки бошад бар китоб Лоиқи бемисл коҳе инчунин!