НАВРӯЗ ХУШ АСТ

Бар чеҳраи гул насими Наврӯз хуш аст,
Дар саҳни чаман рӯи дилафрӯзхуш аст.
Аз дай, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,
Хуш бошу зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,
Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.
Булбулба забони ҳол назди гули зард,
Фарьёд ҳамекунад: Кӣ май бояд хвар.

Дар фасли баҳор агар буте хурсиришт
Як соғари май бар диҳадам бар лаби кишт,
ҳарчанд ба назди ом (м) а ин бошат зишт,
Саг беҳ зи манн аст, агар кунам ёди биҳишт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед