Наврузи омад

Дилам як рўз метаркад.
Чуноне донаи гандум,
Пуропур аз муҳаббатҳои нуронӣ шуда
Наврўзу метаркад,
Заминро майсаборон мекунад рўзе.

Баҳору сабзаборон мекунам роҳи туро рўзе,
Туро ман меҳрборон мекунам рўзе.
Чу саршори муҳаббатҳову рағбатҳои наврўзӣ
Дилам як рўз метаркад.

Дилам як рўз месўзад,
Вале таркида-таркида,
Мисоли оташи Банғола месўзад,
Хурўшон,
Озарахшон,
Ошиқона,

Ҳамчунон фаввораи ҷаввола месўзад
Ва шоми навбаҳоратро дурахшон мекунад рўзе,
Дурахшон,
Ишқборон карда дунёи туро як рўзи наврўзӣ,
Чу як фаввораи ҷавволаи пирўзӣ метаркад.

Дилам як рўзи наврўзӣ
Мисоли пўпаки заррини қоқу
Пухта, метаркад.

Насимаш чатрбозон мебарад ҳар сў.
Ки тухми ишки тиллоии ман
Ҳар навбаҳорон бештар гардад
Ба мисли тухмаҳои пухтаи коку.

Дилам таркида-таркида,
Дилам ҳар рўз метаркад,
Чуноне офтоби хештансўз,
Оламафрўз,

Даруни қолабаш ҳар лаҳза метаркад,
Даруни синаам ишқам фузунтар гашта ҳар соат,
Дили саршори шавқам
Меҳрубонтар гашта ҳар соат,
Ба мисли офтобе

Ишқборон карда дунёи туро охир,
Дилам имрўз метаркад.
Дилам имрўз метаркад…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед