НАВРӮЗӢ

Наврӯз бар дар омада, ёрон, ба ҳам расед,
Ба хандаҳои беғаши орӣ зи ғам расед.
Наврӯзро рисолати ишқ офаридан аст,
Эй ошиқон, ба қиммати ишқи санам расед.

Гар шоире чу хандаи гул шеъри  сабз гуфт,
Бар пешвози шоиру шеъри Аҷам расед.
Ку, он таронае, ки чу ман оҳи шаб кашид,
Баҳри саломи шабнами гул субҳдам расед.

Эй шоирон ба нағмаи шево чу Мавлавӣ,
Бар обшори кӯҳи ғазал дам ба дам расед.
Аз чашми сурмасои шаб ашки саҳар чакад,

Дар анҷуман ба сурмаи чашми қалам расед.
Чун рӯи гул шукуфта ҳама чеҳраҳо кунун,
Бар базми ошиқонаи Наврӯзи Ҷам расед!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед