Наврузи навбахорон
Омад баҳори хуррам, бо рангу рӯи тийб,
Бо сад ҳазор накҳадту ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир ба-д-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гети ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкараш абри тирраву боди сабо нақиб.
Наффот барқи равшану тундараш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор,
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр диҳад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дарманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯй борид нав ба нав,
Ваз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт, гул гирифт,
Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳаме буд, шуд ратиб.
Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,
Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.
Лола миёни кишт биханданд ҳаме зи дур,
Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда ҳазиб.
Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,
Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб.
Сулсул ба сарвбун-бар бо нағмаи кӯҳан
Булбул ба шохи гул-бар ба лаҳнаки ғариб