Наврузнома

Пирони ҷаҳондида,
Сад фасли ҳазон дида,
Умре зи нишон  дида,
Тире зи камон   дида.

«Навруз муборак бод!»
«Навруз муборак  бод!»

Нурони ҳарду дида,
Бо ақли худ фаҳмида.
Ба гуши худ шунида,
Сухан  ба  ту расида.

«Навруз муборак бод!»
«Навруз муборак  бод!»

Боз вақти баҳорон шуд,
Гулчунча фаровон шуд
Гулҳо  ҳама хандон  шуд.
Вақти кори деҳқон   шуд.

«Навруз муборак  бод!»
«Навруз муборак  бод!»

Боз  моҳи Ҳамал  омад,
Ҳам  вақти  амал  омад.
Дилдор ба  масал омад.

«Навруз муборак  бод!»
«Навруз муборак  бод»

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед