НАЗЗОРААМ ДОИМ БА ПЕШ

Мавҷ шав аз худ баро,
Бар дӯши туфон сайр кун!
Бориқ Шафеӣ
Шоирам!
Наззораам доим ба пеш…
Кори гирдоб аст хурдан печутоб,—
барабас бар гирди худ,
Ҳаст шоир мавҷи баҳри инқилоб,
олами у беҳудуд.
Сайргоҳи қалби ноороми ӯст —
души туфони азим,
Мавҷи ишқу чашмаи илҳоми ӯст —
ҷӯши туфони азим!
Шоирам ман!
Сарфароз аз касби хеш!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед