Неруи эҷод

Хидмати модар накардӣ, умри ту бар бод рафт,
Зиндагоният ба ранҷу нолаву фарёд рафт.
Гар ту будӣ нохалаф фарзанд, бо андӯҳу ғам
Рӯҳи модар з-ин ҷаҳон ошуфтаву ношод рафт.
Бошад ар модар, туро сад ганҷи Қорун дар бар асг,
Рафт модар, давлатат аз беху аз бунёд рафт.
Ҷилваи ин зиндагонӣ бо дуои модар асг,
Рафт чун модар, ҷаҳони хурраму обод рафт.
Гар падар аз сар равад ҳам, кас намегардад ятим,
Рафт чун модар, сутуни ҳастии авлод рафт.
Ҳастии модар ҳаме бунёди илҳом асту бас,
Ҳайф, к-он илҳомбахшу неруи эҷод рафт!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед