НИҲЕБ
Ҳар дам фиғони кӯдаке ояд ба гӯши ман,
Чун синаҳои модари ӯро буридаанд.
Ҳар лаҳза оҳи модаре ояд ба гӯши ман,
Чун қалби софу синаи тифлаш даридаанд.
Се қисмати ҷаҳон ҳама об асту воаҷаб
Аз чӣ мудом ташнаи хунед, қотилон?
Ободии ҷаҳон агар дархурдатон набуд,
Аз модарони худ чаро зодед дар ҷаҳон?
Дар соҳати замин чу муросо намекунед,
Боз орзуи забти фалакҳо чӣ ҳоҷат аст?
Ин осмон аз он ки баланд асту хушнизом,
Байни ситораҳош на кину адоват аст?
Рӯзе намонд байнатон ихлосу эътиқод,
Дар осмони дур худованд сохтед.
Бегона гашта аз худу пайвандгони худ,
Ӯро шинохтед, ба ғайбаш навохтед.
Ҷустед пас зи осмон дархостҳои хеш,
Аз олами сарир – нишемангаҳи худо.
Аз интизоми офтоб, аз гардиши фалак,
Аз назми моҳтобу зи вазъи ситораҳо.
Дидед чун дар осмон ҳам ҳаст саъду наҳс,
Гуфтед пас «Зи дасти фалак доду боз дод,
Ё зиндагонии замин кӯчида бар само,
Ё нақши зиндагии мо аз осмон фитод?»
Имрӯз чун зи қуллаи дарёфтҳои ақл
Бар рӯзгори мозии худ як ниго(ҳ) кунед,
Хандида бар ҷаҳолату бар содагияшон,
Аҷдоди хешро шумо бас таънаҳо кунед.
Аммо шумо ҳам он қадар мумтоз нестед,
Зеро ҳанӯз ҳам зи худ берун нарафтаед.
Зеро даме зи даҳшати гирдобу ҳирсу оз
Паҳлуи ёри хеш бароҳат нахуфтаед.
Зеро ҳанӯз ҳам шумо аз хуни одамон
Бар зиндагию давлати худ ранг мезанед.
Аз хоки зарнисори ҷаҳон зар ситонда, лек
Бар фарқи солиҳони ҷаҳон санг мезанед.
Оё ҳанӯз бар шумо корӣ набудааст
Андарзи оқилону китобу катибаҳо?
Оё ҳанӯз он ҳама тамсили шоирон
Панде набуда заррае бар хилқати шумо?
Оё барои як ваҷаб хоке ба ҷои гӯр
Аз баҳри ҳамгинони худ бедод мекунед?
Ин хокро, ки хуфтгаҳи бобиёни мост,
Обод мекунед ва ё бод мекунед?!
Ҳар лаҳза бими таркишу ҳар дам ниҳеби ҷанг
Таҳдид мекунад ба ҳаётофаридаҳо.
Дар хобҳои одамон кобус мезанад
Табланавоз Рейгану рақси ракетаҳо.
Ҳар лаҳза марг пеши назар рақс мекунад
Бо заҳри одамикушу барқи ҳаётсӯз.
Сар мениҳад ба рахти хоб инсон ба сад суол,
То шоми маргзошро чун оварад ба рӯз?
Девонагии чанд тан ҳушёр кардааст
Ӯро барои хотири фардои зиндагӣ.
Чашми салоҳбини ӯ бар қасди ҳар силоҳ
Дорад умеди равнақи маҷрои зиндагӣ.
Фарёди ӯ зи чор сӯ бар гӯш мерасад
Бар пуштибонии ҳама осори одамӣ:
Чун зиндагонӣ худ ба худ озору ҷонканист,
Баҳри чӣ боз ин ҳама озори одамӣ?
Эй қотилон
Гар ҷангу душманиву бародаркушӣ равост,
Пас зиндагӣ чарост?
Дилогандагӣ чарост?
Эй ҷоҳилон,
Гар зиндагии мо ҳама ҳар лаҳза мурдан аст,
Пас бандагӣ чарост?
Сарафкандагӣ чарост???
1984
* * *
Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
Ишқи сӯзон, ҷони шайдо доштам,
Меҳри афзун, ёри якто доштам,
Рози пинҳон, доғи пайдо доштам,
Як дили ҳамшӯри дарё доштам.
Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
Як кафи бозе чу паҳно доштам,
Як тани танҳои танҳо доштам,
Як дили бо ҷумла дилҳо доштам,
Дар дили имрӯз фардо доштам.
212 Лоиқ Шералӣ
Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
Як сари қурбони сарҳо доштам,
Гӯшае бо ҳамназарҳо доштам,
Тӯшае бо ҳамсафарҳо доштам,
Яъне девони ғазалҳо доштам.
Ман дар ин дунё чӣ дунё доштам?
На тавалло, на тазарро доштам,
На муросо, на мудоро доштам,
Ҷоннисорон, ман шуморо доштам,
Ҳақгузорон, ман шуморо доштам!
12.1.1984