Нидои Ҷунунӣ

Нигоро ёру дилдорам ту бошӣ,
Мурод аз сайри гулзорам ту бошӣ,
Зи душман заррае боке надорам.
Ба ҳар ҳоле мададгорам ту бошӣ,
Чаро тарсам сар мӯе зи шайтон?
Агар донам нигаҳдорам ту бошӣ,
Куҷо парво куна аз ваҳми маҳшар.
Магар ҷоно талабгорам ту бошӣ.
Насозам асл парвои Қиёмат .
Агар ёри вафодорам ту бошӣ,
Надрам заррае андӯҳи Дӯзах.
Дар он ҷо гар харидорам ту бошӣ,
Насӯзад як сари мӯи Ҷунунӣ,
Ба ин алтоф агар ёрам ту бошӣ.

———— *** ————

Соқӣ хумориям бинӯшон шаробро,
Ҷононанро бигӯ, ки бигирад ниқобро,
Ман ҷони хеш дар талаби ишқ медиҳам,
Ё гир ин амонату ё гӯ ҷавобро,
То кай фиғон кунам зи ғам эй шӯхи бевафо.
Карди магар ба қатли ғарибон шитобро,
Аз турбатам ба шаҳри хамӯшон ҳамезанад,
К-аз синаам мудом зи бӯи кабобро,
Андар Бухору домани марди ба каф Ҷунун
Дар сини бисту панҷ бигуфт ки китобро.

Ҳар замон мезанад ин пайки аҷал бар дари мо.
Ин садоҳо нарасад ҳеҷ ба гӯши кари мо.
Азроил чанг ба ҷон мезанад иблис ба имон,
Аспи тобут саворем кафан чодари мо.
Аз паи рафтани мо нола кунад хешу табор,
Аз ҳама бигзарад оҳи падару модари мо,
Мерави хоб даруни лаҳади торику танг,
Пур шавад хок дар ин косаи фарқи сари мо.
Қасру айвону ба молу зари худ менозӣ,
Зару сим аз дигарон хишти лаҳад бистари мо.
Эй Ҷунун, мушкилӣ дар пешу ту ғофил афсус,
То хабардор шавӣ бишканад болу пари мо.

———-****—————

Маханд ин ҷо ки мижгони ту гирё наст фардо ,
Агар резӣ дар ҷо ашк хандон аст дар фардо.
Ба андӯҳи Қиёмат зард зард кун рухсори гулгун,
Ба сони шамси анвар, моҳи тобон аст дар фардо.
Макун ҷавру ситам бар ҷони худ аз тарки фармонаш,
Ба ғайри ақбаҳо ҳафт дарки сӯзон аст дар фардо.
Касе гар андар ин ҷо хирмани тоат набардорад ,
Ба сад афсӯсу ҳасратҳо пушаймон аст дар фардо.
Чаро эй калҳамаҷ бо ҷилваи ин зол менозӣ,
Валекин айшгоҳи хоксорон аст дар фардо.
Ба маҳшагор гар ҳар касс ба ҳар сӯс равон гардад,
Ки майлони Ҷунунӣ сӯи ҷонон аст дар фардо.

————- ***** —————-

Як сари мӯе машав мағрур ба аслу насаб,
Дасти худро во макун ҷоно, зи домони ҳасаб,
Аз куҷо асли Билолу дар куҷо шуд ҷои ӯ,

 

Муаллиф: Мавлавӣ Саиднасимхони Қаландаршоҳ ини Шоҳсоҳиби Ҷунунӣ (1811-1888)

Чунуни

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед