НИГОҲИ ИНТИЗОР

Дар нимароҳи уммед, дар роҳи пешбаста
Хонам суруди ҳиҷрон бо ёди ту нишаста.
Сарсону ҳаркуҷоӣ чун коҳи роҳи бодам,
Бе ту ба худ наоям чун шишаи шикаста.
Боз о, ки рафт аз даст,
Ҷонона, кори ошиқ.
Аз сар ба роҳ афтод
Чашмони чори ошиқ.
Дар корзори ҳастӣ меҳрат маро сипар буд,
Ошиқ ба доми ишқат озод чун назар буд.
Боре ба ёдат овар, эй дилбари ситамгар,
Ошиқ ба ёди васлат аз даҳр барҳазар буд.
Боз о, ки рафт аз даст,
Ҷонона, кори ошиқ.
Аз сар ба роҳ афтод
Чашмони чори ошиқ.
Ман чанги хушнавоям, эй мутрибам, куҷоӣ?
Ман давлати бузургам, эй соҳибам, куҷоӣ?
Ишқ аст чун суруду такрор кас нахонад,
Дар ҳозирам набошӣ, дар ғоибам куҷоӣ?
Боз о, ки рафт аз даст,
Ҷонона, кори ошиқ.
Аз сар ба роҳ афтод
Чашмони чори ошиқ.
21.11.1964

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед