Ниёш

Ё Раб даруни сина дилам бохабар намо.
Шоми ҳаёти умри маро чун саҳар намо.
Қалбам агар чу пораи санги сиёҳ бувад.
Нуру чило бубахш варо чун гуҳар намо.
Дар чорсуи зиндаги бахшо маро умед,
Роҳи ҳаёти умри маро бехатар намо,
Паркандаам чу кафтари бечора аз чафо,
Моро вафо бубахш ту хушболу пар намо.
То шоми дил мунир шавад аз ҷилои шеьр,
Субҳи умедро ба дилам шуьлавар намо

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед