НИШАСТА БАР САРИ САНГЕ УҚОБЕ
Нишаста бар сари санге уқобе,
Сараш хам, ашкҳояш гашта ҷорӣ.
Ба наздаш омада, гуфтам:
–Уқобо,
Чаро сархам, заифу бемадорӣ?
Уқоби солхурда дар ҷавобам
Ба ҳасрат бар шикоят кард оғоз:
–Ту медонӣ, ки дорам истиқомат
Дар ин кӯҳи Бадахшон солҳо боз,
Надидам то кунун бар худ ҳарифе
На дар зӯру на дар тезии парвоз.
Вале дирӯз мурғеро бидидам–
Тануманду васеъболу бадовоз.
Намудам сайъу кӯшишҳои бисёр,
Ки ӯро дар паридан мот созам,
Тавоноиву пурзӯрии худро
Ба мурғи пилтан исбот созам.
Бикӯшидам…
Вале–ҳайҳот, ҳайҳот!
Парам бишкасу ранҷам рафт барбод…
Шарҳи худро нависед