НИЁИ

Ҳар кас рӯи ту бинад, бинад рӯи ҷавонӣ,
Аз атри кокулонат ёбад бӯи ҷавонӣ.
Рӯи хазон набинад
Боғи ҳусни рангинат.
Доғи гуле набинад
Чашмони оташинат.
Рӯзи талхе набинад
Хандаҳои ширинат.
Бо ҳусни гулфишонат сар то ба по баҳорӣ,
Гул резад аз қудумат ҳар ҷо қадам гузорӣ.
Заҳри алам набинад
Лабҳои ангубинат.
Дарди ҳиҷрон набинад
Оғӯши анбаринат.
Озори дил набинад
Дидори дилнишинат.
15.11.1981

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед