
Нолаи ишқ
Фарҳод нола мекунад аз тешаам ҳанӯз
Ояд садо зи турбати ҳампешаам ҳанӯз.
Паймонаҳо ба муҳтасибон ошно шуданд,
Пинҳон даруни санг бувад шишаам ҳанӯз.
Гулҳо хазон шуданду чаман монд аз нишот,
Нашкуфтааст ғунчаи андешаам ҳанӯз.
Соғар ба кӯйи бодафурӯшон набурдаам,
Берун нарафтааст май аз шишам ҳанӯз.
Эй барқ, по манеҳ ба найистони хонаам,
Осудагӣ надидаам аз пешаам ҳанӯз.
Аз хоки Кӯҳкан шабу рӯз ояд ин садо
Дар орзуи об даме тешаам ҳанӯз.
Монанди ғунча сар ба гиребон кашидаам,
Гулчин расиду рафт, дар андешаам ҳанӯз.
Умрест, Сайидо, зи май инкор кардаам,
Соқӣ диҳад қасам ба сари шишаам ҳанӯз.
Шарҳи худро нависед