НОНРЕЗА

Набераам Фарида
Нонрезаҳоро дида,
Ба дидаҳо молида
Хам шуда чида-чида.

Нонреза ҳам нон аст-ку,
Баракоти хон аз ӯ
Нонрезаро марезон,
Ба зери пой ҳарсӯ.

Нонреза файзи хона,
Обод аз он кошона.
Нонрезаро резонда,
Ранҷондай деҳқона.

Нонро диҳӣ ба бача,
Давад ба сӯи кӯча,
Аз роҳ резаи нон,
Чида хӯрад мӯсича.

Ҳурмати резаи нон,
Аз воҷиботи имон.
Бояд инро бидонанд,
Марду зани мусулмон.

НОН
Ҷанг дошт давом, ҷанги шадид,
Нон ҳам набуд дар рӯзи ид.
Доштем ба як чиз мо умед,
Хоҳад расид рӯзи Саид.

Дар хона не орд, не сабӯс,
Гӯянд,ки: Ранг бин ҳол пурс.
Ноне наёфтанд, ки хӯранд,
Домод ҳам чандин арӯс.

Мо одамони Сарфароз,
Ки умри мо будаст дароз.
Аз хони неъматҳо зи нав,
Хӯрдем нон, сер карда боз.

Мо одамон хурду калон,
Бояд бидонем қадри нон.
Нонрезаи афтидаро,
Бардошт бояд ҳарзамон.

Дорад агар инсоф кас.
Чи ҳоҷат аст исроф пас.
Рӯзҳои сахти рафтаро
Орем ба ёд мо ҳар нафас.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед