НОЗАНИН

Шишта будам ними шаб, ки
тақ-тақи дарвоза шуд,
Омаданҳои ту ёд омад, хуморам тоза шуд.
Рӯи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абрӯ нозанин.
То ҷудоӣ кард аз ман абруи пайвасти ту,
Даст бар сар мезанам рӯзу шабон аз дасти ту.
Рӯи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абрӯ нозанин.
Оқибат аз дасти ту фарёд хоҳам карду рафт,
Хирмани мӯи туро барбод хоҳам карду рафт.
Рӯи гандум дорию чашмони ҷоду, нозанин,
Мекушӣ охир маро бо теғи абрӯ нозанин.
1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед