НОЗАНИН

Нозанини нозанин, нозафарин,
Нози ту бошад маро нозуктар.
Бо тамоми ҳастия аз сидқи дил
Нозҳоятро бигӯям офарин.

Нозанини нозанин, нозфарин,
Ғайри ту ёре надорам дар замин.
Дар ҳамин ҳастии дунёе, ки ҳаст,
Ман ҳаводори туам, еэ беҳтарин.

Нозанин нозанин, нозафарин,
Бош ба манн имшаб, ей зеюотарин.
Щояд имшаб баҳри мо бечорагон
Лутфи Яздон бошаду чархи барин.

Нозанин нозанини, нозафарин.
Нози ширинат шавад ширинтарин.
Чун ту ҳастӣ қисмати фардои ман,
Нозболинат кунад моро қарин.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед