Нӯшед

Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман.
Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман.
Ёрон, чу сари қадаҳ ба ишрат оед,
Ёде зи мани сӯхтадил бинмоед.
Ман ток наям, ки тирамаҳ гӯр кунед,
Чун фасли баҳор даррасад, бикшоед.
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун.
Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.
Зангӯлаи гоҳвораю гиряи тифл
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ?
Вақт аст, сари минбари озоди сухан
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ!
Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест,
Ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
Ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,
Ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.
Ҳар қадр шавад пир, ҷавон аст одам,
Як боркаше баҳри замон аст одам.
Ӯ рӯи замину рӯи ӯ гардунҳост,
Гӯё ки замину осмон аст одам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед