ОБМОН

Сар лучу даст луч,
Беле ба каф дорад гузар,
Ташти сар андар тори сар
Аз санг бар санге сабуг

Ҳамчун ғизоле мепарад,
Ҷуйи ба ҷӯ,
Боғиба боғ,
Оби зулоле мебарад.

 

Хоре кашад аз домамнаш,
Зарбе хӯрад пояшзи санг,
Аз неши хору сангкӯб
Ҳаргиз намеояд ба танг.

 

Хуншор гардад пойи ӯ,
Марҳам кунад аз хоки роҳ,
Дармони дарди ҷони ӯст
Сардобаву хоки сиёҳ.

 

Ғам раҳ нагирад дар дилаш,
Бас  хушдил асту хушдимоғ,
Об овард аз пойи тал
Бо меҳр бар оғуши боғ.

 

Дар ҷуяҳо мӯйи ба мӯ
Қисмат шавад гар оби ҷӯ,
Чун ғунчае гул мекунад,
Чун сабзае ёбад нумӯ.

Гар буттаи  лабташнаро
Аз гардадаш  бидҳад раҳо,
Кам гардадаш озори по.
Гар сабзае гардад хазон?

Бо ҳар ниҳоле, гар хӯрад
Оби равн, қад мекашад.
Сар лучу пову даст луч,
Об орад аз бехи камар…

Сераш бубин, дар деҳа нест.
Ин сон дигар  ҷононписар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед