Одати Ғалатӣ

russian_mimics_07

Рӯзе хаёл карда,

Рафтам ба сӯи Горгаз,

Чун асбоби даркорӣ,

Гирифтам печкаи газ

Баҳри шинондани он

Як моҳакак давидам,

Як балони газашро

Хеле гарон харидам.

Бо умеди газдорӣ,

Аз дегу дегдон мондам

Маҷбур шуда танӯре

Аз сари нав шинондам

Сардори Горгази мо

Аҷаб як одат дорад

Шикоят аз газ барӣ

Гӯлӯяшро мехорад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед