ОФАРИН

Эҳдо ба хунёгари мумтоз Давламанди Хол

Аз суруди роғи ту навбаҳор
Мерасад дар боғу роғи кӯҳсор.
Аз навоят бишкуфад гулҳо қатор,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Дил шавад об аз фалакхонии ту,
Ҷон бисӯзад нолаи ҷонии ту.
Дорад афсун лаҳни Хатлонии ту,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Месароӣ дар ҳавои зиндагӣ,
Мекунӣ ширин навои зиндагӣ.
Дардро бахши давои зиндагӣ,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Қалби кас меҷӯшад аз овози ту,
Хотири касро навозад сози ту.
Базми мардум тафсад аз эъҷози ту,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Ту ҳунарманди бузурги кишварӣ,
Бо хушовозию ромишгарӣ
Пиру барноро ба арғушт оварӣ,
Офаринат бод, Давлатманди Хол!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед