Офият

Офиятро гар бихоҳй, эй азиз!
Метавонй ёфтан дар чор чиз:
Эминиву неъмат андар хонадон,
Тандурустиву фароа баъд аз он.
Чунки бо неъмат амонӣ бошадат,
Офиятро з-он нишоне бошадат.
Бо дили фориғ чу бошй тандуруст,
Дигар аз дунё набояд ҳиҷ ҷуст.
Бар маёвар, то тавонй коми нафс,
То наяфтй, эй писар, дар доми нафс.
Зери пой овар ҳавои нафсро,
Кам бад-ӯ деҳ баҳраҳои нафсро.
Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,
То бияндозанд андар чаҳ туро.
Нафсро сар кубу доим хор дор,
То тавонӣ, дураш аз мурдор дор.
Нафси бадро ҳар ки сераш мекунад,
Дар гунаҳ кардан далераш мекунад.
Хулки худро дур дор аз ҳар маза,
То наяфтӣ дар балову дар база.
З-обу нон то лаб шикамро пур масоз,
Ҳамчу ҳайвон баҳри худ охур масоз.
Рӯз кам хӯр, гарчи соим нестӣ,
Пур махур, охир баҳоим нестӣ!..
Хобу хӯр ҷуз пешаи инъом нест,
Хуфтагонро баҳра аз инъом нест.
Эй писар, бисёр хоҳӣ хуфт, хез!
Гар хабар аз рӯз дорӣ, гуфт: Хез!
Дил дар ин дунёи дун бастан хатост,
Доман аз вай гар ту барчинӣ, равост.
Аз чи банди дил ба дунёи дунӣ,
Чун найи ҷовид дар вай буданӣ.
Зоҳири худро маёрой, эй фақир,
То ки гардад ботинат бадри мунир .
Толиби ҳар сурати зебо мабош,
Дар ҳавои атласу дебо мабош…



Шарҳи худро нависед