Офтоби Ваҳдат
Чун зарраҳои нур
Аз ахтарони дур мо бо ҳам омадем,
Пайванди ҷон шудем.
Моро ба ҳам расондаи аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо — Пешвои мо!
Бо ту расидаем аз чоҳи зиндаги,
Рафтем сӯи бахт бо роҳи зиндаги.
Моро ба ҳам расондаи аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо — Пешвои мо!
Бо ранҷи бекарон Ваҳдат насиби мост,
Аз ганҷи ин ҷаҳон Давлат насиби мост!
Моро ба ҳам расондаи аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо — Пешвои мо!
Меҳр аст ганҷи мо, кони муҳаббатем,
Ҳамқисмати Ватан, ҳамҷони Ваҳдатем!
Моро ба ҳам расондаи аз меҳру аз вафо,
Эй офтоби Ваҳдати мо — Пешвои мо!
Шарҳи худро нависед