Офтобпараст
Офтобпарастро бинӣ.
Офтобро гӯё бинӣ.
Гарчи бошад чун офтоб,
Ҷое надорад шитоб.
Аз баландии поя,
Байни бои ҳамсоя
Нигаҳ ба мо мекунад,
Рақси зебо мекунад.
Офтобпараст аз он аст,
К-офтобро ҷон ба ҷон аст.
Ҳар ҷо, ки равад офтоб,
Он тараф мехӯрад тоб.
Шарҳи худро нависед