ОҲАНГИ ШАБ

Имшаб зи шаҳри хоб
Дурам ки дури дур.
Офоқро фариштаи шаб дар бараш гирифт,
Бар чашмҳои боз ки хобаш набурда буд,
Гесӯйи мушкбӯйи сияҳфоми худ кушуд.
Шаҳрак ба хоб рафт, шакархоби боҳузур.

Дар ин ҷаҳони хоб,
Мурғони шаб ба шоҳаи бедор хуфтаанд,
Ҳамчун наво ба мисраи ашъор хуфтаанд.

Нақше аён набуду садое намерасид
Дар инҳисори шаб.
Чашми ситора буд дурахшон
Дар гӯшвори шаб.

Мурғе баногаҳ аз сари шохе ҳаво гирифт,
Дар шохи орзӯи ҷавонии ман нишаст.
Минқор зад ба навдаи сабзу шукуфтарӯ
Сармасту гулпараст.
Пас нағмаҳои ишқи маро рехт аз гулӯ,
Ҷони маро ба ишқ саропо фаро гирифт,
Олам наво гирифт.

Эй ибтидои хоҳиши беинтиҳои ман ,
Дар ин шаби хамӯшу гарондил садои ман,
Дунёи ман ки бе ту ҳавову наво надошт,
Аз нағмаҳои мурғи шабоҳанг гашт пур,
Дасте ки аз гулӯи дилам сахт баста буд,
Ногаҳ гиреҳ кушуд.

Шаб пуртарона шуд,
Шаб пурфасона шуд.
Ҷунбид гӯшвори тилои шаби баҳор,
Шуд осмони шаб ба сари ман ситорабор.

Он шаб ки ман ба ёди ту бехоб будаам,
Аз чашмҳои хоби ту шеъре рабудаам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед