Оинаи хештанбисозе дорам
Бас дурру гуҳар дар дили дарёи ман аст,
Бас нури саҳар дар дили шабҳои ман аст.
То ҳар сухани ман аз паи дилёбист,
Ҷамъияти дилҳо дили танҳои ман аст.
Аз худ биравед, то ба олам бирасед,
Аз худ гузаред, то ба одам бирасед.
Ҳар хандаи баъди гиря кони садаф аст,
Эй бедардон, ба қимати ғам бирасед.
Аз ор ва ё зи кор мемирам ман,
Бар ҳоҷати рӯзгор мемирам ман.
Чун аскари гумном паи ҳифзи Ватан
Беҳайкалу бемазор мемирам ман.
Аз ёр ҷудо шудему танҳо мурдем,
Савдозада гаштему зи савдо мурдем.
Чун кӯзаи мо зи санги соҳил бишикаст,
Мо ташнаҷигар дар лаби дарё мурдем.
Моем гаҳе муборизи майхона,
Паймон бикунем дар сари паймона.
Чун хамри шабона бигзарад аз сари мо,
Фардо нигарӣ, ҳама зи ҳам бегона.
Дар фасли баҳор ё зимистон мурдем,
Ё вақти хазони тирамоҳон мурдем.
Ё баҳри ҳаёт ҳар на<Ьас чун ошиқ
Ҷон додаву ҷон додаву бечон мурдем.
Аз хок шудему хоксори кардем.
Аз санг шудему бурдборй кардем.
Аз шеъри Аҷам шудем номӣ ба ҷаҳон,
Бо пири Аҷам бодагусорӣ кардем.
Бедордилам зи толеъи хуфтаи хеш,
Хурсандтарам зи шеъри ногуфтаи хеш.
Гар фош шавад касе зи бикшодани роз,
Ман фош шавам зи рози бинҳуфтаи хеш.
Аз бозии кӯдакон хушам меояд,
Аз хандаи беғамон хушам меояд.
Чун ҷуфти кабӯтаре бубинам дар бом
Ҳамлонаю ҳамзабон, хушам меояд.
Гар ёр ба мо назар надорад, чӣ кунсм?
Хокистари мо шарар надорад, чӣ кунем?
Мо бандаи ёру ӯ ба мо сардор аст.
Сардор валек сар надорац, чй кунем?
Мо хасми амониву сафоро бикушем,
Бадхоҳи таронаву наворо бикушем
Моем бар он. ки мурдаро зинда кунем.
Аммо на бар он, ки зиндаҳоро бикушем.
Бунёди ҷаҳон ҳама зи бунёди ман аст,
Ободии даҳр аз тани обоци ман аст.
Ҳар гоҳ, ки шеъри оташин ғамро сӯхт,
Донед, навиштаҳои аҷцоди ман аст.
Монанди замин шебу фарозе дорам,
Аз пастии хеш сарфарозӣ дорам.
Аз коғази нонавиштаи пок чу дил
Оинаи хештанбисозе дорам.
Эй бехабар аз шукӯҳи цоғи дипи мо
Наздик биё даври чарпғи дили мо.
То татхии зиндагй гуворо ёбӣ.
Як ҷуръа бинӯш аз аёғи дили мо.