ОЛЛОҲ ГУВОҲ ДОРЕМ МО

Одамон, донед, як хуршеду маҳ дорем мо,
Як замин, як хона, як гардун – панаҳ дорем мо.

Тахти мулку ҷоҳи мо рӯи кафи ҳамдастӣ аст,
Чун шарар дар тоқагӣ дар хеш чаҳ дорем мо.

Зиндагӣ ҷон кандану аз худ нишоне мондан аст,
З –он нишоне, ки бимонад, як гунаҳ дорем мо.

Дигаре сулҳу амонӣ мехарад бо умри худ,
Дар рахи ҷангу ҷадал, ҳайфо, оилаҳ дорем мо.

Куштаанд ар то кунун, моро ғанимон куштаанд,
Худкуширо бин, гувохӣ аз илаҳ дорем мо.

Нест ғайри вои пинҳонӣ дигар худкардаро,
Чун аҷалкори худӣ оҳи табаҳ дорем мо.

Тоҷвар мондан бихоҳед, эй азизони Ватан,
Дӯстиро то абад бар сар кулаҳ дорем мо.

Хар кӣ пурсад: «Ӯлмасо, оё фирорӣ нестӣ!»
Гӯямаш: «Дар зиндагӣ як шоҳраҳ дорем мо».

Дареғо, баъзеён бинӣ, нахоҳад зист бе нихват,
Надонам, дар киёмат чун худашро дар паноҳе кард.

Ба ин зотони нолоиқ набахшоед озодӣ,
Илоҷе ёбад ар, олам ба ҳар чашме сиёҳе кард.

Бикун тарғиб, Ӯлмас, одамиятро ба мардумҳо,
Чунон давлат, ки давлатдорро монанди шоҳе кард.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед