ОМАД БАҲОРО ОШИҚОН

Омад баҳори ошиқон, то хокдон бӯстон шавад,
Омад нидойи осмон, то мурғи паррон шавад.
Ҳам баҳр пургавҳар шавад, ҳам шӯра чун кавсар шавад,
Ҳам санг лаъли кон шавад, ҳам ҷисм ҷумла ҷон шавад.
Гар чашму ҷони ошиқон чун абри тӯфонбор шуд,
Аммо дил андар абри тан чун барқҳо рахшон шавад.
Донӣ, чаро чун абр шуд дар ишқ чашми ошиқон,
Зеро ки он маҳ бештардар арбҳо пинҳон шавад.
Эй шоду хандон соате, к-он арбҳо гирянда шуд,
Ё раб, хуҷиста ҳолате, к-он барқҳо хандон шавад.
З-он садҳазорон қаторҳо як қатра н-ояд бар замин
В-ар з-он, ки ояд бар замин, ҷумла ҷаҳон вайрон шавад
Ҷумла ҷаҳон вайрон шавад вв-аз ишқи ҳар вайронае,
Бо Нӯҳ ҳамкиштӣ шават, пас маҳрамитӯфон шавад.
Тӯфон агар сокин будӣ, гардон набудӣ осмон,
З-он мавҷи беруназ ҷиҳат ан шаш ҷиҳат ҷунбон шавад.
Эй монда зери шашҷиҳат, ҳам ғам бихӯр, ҳам ғам махӯр,
К-он донаҳо зери замин як рӯз нахлистон шавад.
Аз хок рӯзе сар кунад, он беҳ шохи тар кунад,
Шохе ду-се гар хушк шуд, боқиш обистон шавад.
В-он хушк чун оташ шавад, оташ чу ҷон ҳам хуш шавад,
Он ин набошад, ин шавад, ин он набошад, он шавад.
Чизе даҳонамро бибаст, яъне канори бому маст?
Ҳар чӣ ту з-он ҳайрон шавӣ, он чиз аз ӯ ҳайрон шавад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед