ОМАД БАҲОРУ САЙРИ ГУЛИСТОН ҒАМИНАМ АСТ
Омад баҳору сайри гулистон ғаминам аст
Базми висоли ғунчайи хандон ғанимат аст.
Бо қамоти хамида равам сӯйи бӯстон,
Наззорайи бунафшаву райҳон ғамимат аст.
Эй боғбон, зи боғ берун чӣ меравИ,
Будан ба пойи сарви хиромон ғанимат аст.
Эй ғунча, сар зи ҷайб ба девонагӣ барор,
Якчанд рӯз чоки гиребон ғанимат аст.
Пахлӯйи худ зи хоку и чаман барнамекашад,
Чун соя хобби зери дарахтон ғанимат аст.
Эй Сайидо, чу бод ба ҳар ҷонибе марав,
Бар гирди хеш гард, ки даврон ғанимат аст…
Шарҳи худро нависед