ОМАДАМ ДАРРО ЗАДАМ…
Омадам дарро задам, дар лаҳзае
Модарам овоз дод аз равзае:
Боз гард, он ҷо бимурда хоҳарат,
Бешараф хонда туро ҳам ҳавзае.
Гӯшам андак бо шунидан рӯй кард,
Он суханро чун димоѓам бӯй кард.
Чашм бикшодам, бидидам дарзамон,
Бо гумон фарзанд сарро гӯй кард.
Дилбари пурноз гулро бингарист.
Гуфт: О ваҳ, ин қиёматҳо зи чист?
Ман талабгорат шудам гар рӯзу шаб,
Ин дари бехона баргӯ, ки зи кист?
Не забоне, ки ҷавобе оварад,
Не ҳам он пое, шитобе оварад.
Не яке дасте, ки гирад даст боз,
Не яқине, ки савобе оварад.
Хонаам дар зери борон об шуд,
Рӯз пушти ҳасрати маҳтоб шуд.
Ҳолатам афсурдагиамро шинохт,
Қиссагӯи олами симоб шуд.
Доду фарёди ҷудоӣ мегурехт,
Рӯйи аспе ошноӣ мегурехт.
Дафтари бикшода пур аз оташе
То вафову бевафоӣ мегурехт.
Дар кушодам, дар кушодам он ҳабиб,
Бо адаб хондам ба сӯи худ адиб.
Узри дарди як-ду сад солам набуд,
Бо даво омад, даво омад табиб.
Лек диданду надидандам даме,
Ман, ки рафтам, ман, ки рафтам аз ѓаме.
Ин на рафтан то ба сӯи офтоб,
Ё ки тобидан ба сони шабнаме.
Гиря ҳам бар асли аслам кай барад,
Аз ѓарибиам кӣ имшаб мехарад?
Фаҳм кардам, ки шикаста худ қафас,
Лек мурѓам то куҷоҳо мепарад?