Омадам

Омадам эй ҷони ман бо қасди ишқ дар пеши ту
Омадам бо лабханд чун гул шукуфон пеши ту
Бо ҳазорон меҳр бо сад дастаи гул омадам
Дар дил ишқу садоқат вирди забонам пеши ту
Бикшодам сафҳаи нави ҳаётро баҳри дил
Дил фидоӣ ишқи ту бедил манам дар пеши ту
Дар насими тозаи субҳи сафо ман омадам
Омадам бо ишқ ман завқи ҷавони пеши ту
Қудсият дар зоти медурахшад чун офтоб
Омадам эй қудси ман бо сад гули ёс пеши ту
Дар дили Масъӯд ту меҳри ҷавони ҳадя кун
Омадам дорам ба дил сад орзу то пеши ту

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед