Шеъри омад омади баҳор
Омад баҳору бар кафи соқӣ пиёла ку?
Бар саҳни бӯстон гулу бар дашт лола ку?
Гул кард ғунчаи қафас аз ҷӯши навбаҳор,
Эй мурғи болбаста, туро оҳу нола ку?
Гардидаанд ром ба сайёд оҳувон,
Он ваҳшие, ки буд ба чашми ғазола, ку?
Кардӣ чу сафҳа номаи аъмоли худ сиёҳ,
Эй булфузул мард, китобу рисола ку?
Баҳри ҳавои нафс зи хилват бурун шудӣ,
Эй шайхи шаҳр, тоати ҳафтодсола ку?
Хат омаду гирифт зи ёр интиқомро,
Эй он, ки буд соҳиби чандин ҳавола, ку?
Эй Сайидо, зи ишқ нишоне ба даҳр нест,
Доғе, ки буд дар ҷигари мову лола, ку?
Шарҳи худро нависед